… Дар ин росто, зарур аст, ки давлат ва бахши хусусӣ
ҷиҳати таъмин намудани самаранокии низоми
андозбандӣ масъулияти баробар дарк карда, ҳарду ҷонибвазифаву
уҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории амалкунанда иҷро намоянд. ”
Эмомалӣ Раҳмон

Соҳибкорони арҷманд,

Масъалаҳои андоз, танзимсозӣ ва маъмуригардонии он яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин робита мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.

Вобаста ба ин, санаи 15 Сентябр соли 2017 дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавазўи «Масъалаҳои маъмурикунонии андоз» баргузор мегардад.
Натиҷаҳои чорабинӣ бо пешниҳодот ва хулосаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад.

Хоҳишмандем, иштироки худро тавассути формаи зерин тасдиқ намоед.

 

БАҚАЙДГИРӢ
Таърих: 15 сентябри соли 2017, соати 10:00
Макони баргузорӣ: Душанбе, МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”

СУРОҒАИ МО:

Ҷумҳурии Тоҷикистон

734003 ш. Душанбе,
хиёбони Рудакӣ 100, ошёнаи 11-ум

Телефон:

(+992 44) 610-60-06
(+992 44) 610-60-04
(+992 44) 610- 60-09

Телефон/факс:

(+992 44) 610-60-04

Почтаи электронӣ:

secretariat@investmentcouncil.tj

ПЕШНИҲОД БАРОИ МИЗИ МУДАВВАР

Имконияти навиштани рамзҳо ба интиҳо расид

Барномаи Мизи Мудаввар

Please download Agenda of the Round Table